Ҳадафҳои мо
Ташкилоти Good Neighbors (Ҳамсоягони Нек) барои аз байн бурдани гуруснагӣ дар ҷаҳон, ки дар он ҳамаи одамон метавонанд бо ҳам дӯстона ва дар якҷоягӣ зиндагӣ кунанд, фаъолият дорад. Ташкилоти Good Neighbors (Ҳамсоягони Нек) ҳуқуқҳои ҳамсоягони худро, ки аз гуруснагӣ, камбизоатӣ, офатҳо ва ситам азият мекашанд, эҳтиром намуда, барои ба фардои дурахшон устувор қадам мондан ва барои амалӣ гардидани орзуҳои онҳо кумак менамояд.
Беғаразӣ
Мо ба шахсони ниёзманд, новобаста аз нажод, дин, эътиқод ва миллаташон хидмат мекунем
Устуворӣ
Мо худшиносиро дар рушди ҳар як фард, оила ва ҷомеа ташвиқ менамоем
Муҳофизат
Мо ҳуқуқҳои кӯдакро дар ҷойи аввал мегузорем
Эҳтиром
Мо шаҳрвандии ҷаҳониро дар асоси эҳтироми тарафайн рушд медиҳем
Шомил шудан
Мо худихтиёрони маҳаллиро барои иштирок дар рушди ҷомеаи худ ҷалб мекунем
Ҳамкорӣ
Мо бо ҳар нафаре, ки ҳадафҳо ва барномаи моро дастгирӣ менамояд, ҳамкорӣ мекунем
Шаффофият
Мо дар сатҳи баланди касбӣ фаъолият намуда, ҳисоботи шаффофи молиявӣ ва барномавиро таъмин менамоем
Ҳавасмандкунӣ
Мо барои ҷалби шумораи бештари одамон кӯшиш менамоем, ки бо мо ҳамчун аъзои Good Neighbors ҳамкорӣ намоянд