Ташкилоти  Good Neighbors  барои аз байн бурдани  гуруснагӣ дар ҷаҳон, ки дар он ҳамаи одамон метавонанд бо ҳам дӯстона ва дар  якҷоягӣ зиндагӣ кунанд, фаъолият дорад.Ташкилоти  Good Neighbors  дар Тоҷикистон  ҳуқуқҳои  ҳамсоягони худро, ки аз гуруснагӣ, камбизоатӣ, офатҳо ва ситам азият мекашанд,  эҳтиром намуда, барои ба фардои дурахшон  устувор қадам мондан ва барои  амалӣ гардидани орзуҳои онҳо кумак менамояд.

Беғаразӣ-Мо ба шахсони ниёзманд, новобаста аз наҷод, дин, эътиқод ва миллаташон хидмат мекунем.

Устуворӣ-Мо худшиносиро дар рушди ҳар як фард, оила ва ҷомеа ташвиқ менамоем.

Муҳофизат-Мо ҳуқуқҳои кӯдакро дар ҷойи аввал мегузорем.

Эҳтиром-Мо шаҳрвандии ҷаҳониро дар асоси эҳтироми тарафайн рушд медиҳем.

Шомил шудан-Мо худихтиёрони маҳаллиро барои иштирок дар рушди ҷомеаи худ ҷалб мекунем.

Хамкорӣ-Мо бо ҳарнафаре, ки ҳадафҳо ва барномаи моро дастгирӣ менамояд, ҳамкорӣ мекунем.

Шаффофият-Мо дар сатҳи баланди касбӣ фаъолият намуда, ҳисоботи шаффофи молиявӣ ва барномавиро таъмин менамоем.

Ҳавасмандкунӣ-Мо барои ҷалби шумораи бештари одамон кӯшиш менамоем, ки бо мо ҳамчун аъзои  Good Neighbors ҳамкорӣ намоянд.

 

COVID-19

Кор дар давоми COVID-19

Маълумоти бештар дар бораи фаъолияти мо дар давоми COVID-19