Ҳар сол ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи «Good Neighbors» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони таҳти сарпарастӣ қарордоштаро бо маводхои таълимӣ таъмин намуда, дар муассисаҳои таълимӣ корҳои сохтмониро амалӣ намуда ва бо таҷҳизот таъмин менамояд. Барои муаллимон тренингҳо мегузаронад. Ба китобхонаҳои мактабҳо  китобҳои таълимӣ ва бадеӣ ҳадя мекунад.Дар мактабҳо гӯшаи хониш ташкил карда шуда, барои интихоби беҳтарин озмунҳо баргузор менамояд ва ғолибонро бо туҳфаҳо қадрдонӣ менамояд. Барои кӯдакони сарпарстишаванда маҳфилҳои гуногуни таълимии касбомӯзӣ ва курсҳои иловагии омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва барномаи компютерӣ ташкил карда мешавад.

COVID-19

Кор дар давоми COVID-19

Маълумоти бештар дар бораи фаъолияти мо дар давоми COVID-19