Барномаи сарпарастии Ташкилоти “Good Neighbors” бештар аз 13 400 нафар кӯдаконро дар 6 минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рашт, Шаҳритус, Носири Хусрав , Рудаки-ро дар бар мегирад.

Ин барнома махсусан барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва дар канормонда нигаронида шудааст. Механизми сарпарастии инфиродии мо ин ташкил кардани тамос байни кӯдакони камбизоат ва сарпараст мебошад. Дастгирии сарпараст барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти асосии кумакгирандагон, беҳтар кардани сифати зиндагии онҳо ва рушди ҷомеаҳои маҳалли роҳандози шудаанд.

Маълум ва муайян кардани кӯдакони камбизоат ва ба барномаи сарпарастӣ шомил кардани онҳо бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилот, хизматрасонии тандурусти ва имконот додан ба волидони онҳо дар иштироки лоиҳаҳои молии “дарёфти даромад”-и ташкилоти “Good Neighbors” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

COVID-19

Кор дар давоми COVID-19

Маълумоти бештар дар бораи фаъолияти мо дар давоми COVID-19